Машварат: Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар таваллудхонаҳо

Машварат: Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар таваллудхонаҳо
Апрел 29
12:30 2022

Дар таваллудхонаи вилояти Суғд бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии дохилибеморхонагӣ бо иштироки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят семинар-машварат  баргузор гардид.

Чорабиниро директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии  вилояти Суғд Таҳмина Усмонова оғоз намуда, нахуст вобаста ба фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пешгирии бемориҳои сироятии дохилибеморхонагӣ дар таваллудхонаҳо» шарҳи муфассал дода, ҳамзамон доир ба раванди безараргардонии асбобҳои тиббӣ, банду басти асбобҳои тиббӣ дар дохили биксҳо ва қоидаҳои гузаронидани автоклавкунонӣ маълумот дода, аз кормандони таваллудхонаи вилоятӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои сифатноки фармоишҳои зикргардида тадбирҳои фаврӣ ва амалӣ андешанд, зеро риоя накардани муқаррароти пешбинишуда ба саломатии модару кўдак хатар эҷод менамояд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин машваратҳо-ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар таваллудхонаҳо мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 932
  • 1,242
  • 949,952