Машварати корӣ оид ба ворид намудани “Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатнок” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ оид ба ворид намудани “Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатнок” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Май 15
17:11 2024

Санаи 15 майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, сардорони раёсату шуъбаҳои алоқаманд, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарияти намояндагии  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассисони соҳавӣ оид ба бемориҳои эндокринологӣ, дил, пулмонологӣ, мушовирони байналмилалӣ ва дигар масъулин оид ба ворид намудани “Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатноки  тиббӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкории пайваста бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ соҳаи тандурустӣ сол аз сол рушд ёфта истодааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар ин ҷода саҳми шарикон оид ба рушд низ назаррас мебошад.

Қайд гардид, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар самти афзалиятнок эътироф гардида,  солҳои охир ҳиссаи маблағгузории давлатӣ ба ин бахш афзоиш ёфта истодааст. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ яке аз вазифаи асосии низоми тандурустӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ тавассути беҳтар кардани фарогирӣ, самаранокӣ ва ҳифзи молиявӣ саҳм гузошта метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ бо мақсади гузаштан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ  як қатор ташаббусҳоро амалӣ намудааст.

Махсусан давоми даҳ соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси худро барои ноил гардидан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ, аз ҷумла беҳтар намудани дастрасӣ ва паст намудани душбории молиявии хонаводаҳо ҳангоми гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ равона сохтааст. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд як қатор стратегияю барномаҳо қабул намудааст, ки ин ташаббусро дарбар мегиранд.

Дар Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ, алалхусус ворид намудани механизмҳои нави маблағгузорӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳим барои ноил гардидан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ қайд карда шудааст.

Стратегияи мазкур ба баланд бардоштани дастрасӣ ва самаранокии кумаки тиббию санитарӣ бо воситаи созмон додани низоми универсалии хариди хизматрасониҳои тиббӣ ва мубориза бар пардохтҳои ғайрирасмӣ бо воситаи ҷорӣ намудани ҳампардохти расмӣ равона карда шудааст.

Дар рафти ҷаласа таҷрибаҳои мусбии дигар давлатҳо дар самти татбиқи “Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатноки тиббӣ” аз тарафи мушовирони байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ рунамоӣ гардида, самаранокии тиббии татбиқи хизматрасонии мазкур қайд карда шуд.

Гуфта шуд, ки бо назардошти таҷрибаи андухтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то моҳи майи соли 2023 идома ёфт, заминаи воқеӣ мавҷуд буда, бо назардошти дастгирии молиявӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ татбиқи “Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатноки тиббӣ” имконпазир мегардад.

Дар охир  пешниҳод карда шуд, ки вобаста ба ҷорӣ намудани “Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатноки тиббӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи паҳлуҳои ин масъала   пурра омўхта шуда ва дар ислоҳоти мазкур тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба инобат гирифта шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 949
  • 1,242
  • 949,969