“Маслиҳатҳо барои мубориза бо изтироби коронавирус” нашр ва ба шаҳрвандон ройгон тақсим шуд

“Маслиҳатҳо барои мубориза бо изтироби коронавирус” нашр ва ба шаҳрвандон ройгон тақсим шуд
Июн 06
09:18 2020

Рӯзи 5 июни соли равон аз ҷониби “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва фурӯшгоҳҳои кишвар китобчаи “Маслиҳатҳо барои мубориза бо изтироби коронавирус” тақсим карда шуд.

Ин китобча дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони Марказҳои ҷумҳуриявию шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Муассисаи давлатии  “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”, коршиносони соҳа ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия гардида, ҷанбаҳои беҳдоштӣ, равониву иҷтимоии бемории коронавирусро фаро гирифтааст.

Теъдоди бештари китобча ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Марказҳои ҷумҳуриявию шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Муассисаи давлатии  “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Беморхонаҳои ноҳиявии Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ, фурӯшгоҳҳои бузурги пойтахт, аз ҷумла гипермаркети “Ашан”, супермаркетҳои “Ёвар”, “Пайкар 2”, “Сафар”, “Пайкар 3”, “Диёр” ва “Би 1” тақдим карда шуд.

“Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он ба таҳияву нашри барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва маводҳои иттилоотӣ-маърифатӣ идома медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 738
  • 1,242
  • 949,758