Такмили ихтисоси кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ- омили муҳими пешрафти соҳа

Такмили ихтисоси кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ- омили муҳими  пешрафти соҳа
Март 30
14:22 2021

Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи таълимӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Мақсад ва вазифаи маҷмааи мазкур ин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таълими кормандони соҳаи иҷтимоӣ мебошад, ки барои дастёбии маъюбон, тавонбахшии маъюбон, кӯдакони ятим, кӯдакони  аз саробонии волидон маҳрумшуда, оилаҳои камбизоати кӯдакдор, пиронсолони танҳо ва категорияҳои дигари табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматҳои сифатноки иҷтимоӣ дар сатҳи маҳалҳо ва таъмини мустақилият ва ҳамгироии онҳо дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки самти асосӣ ва афзалиятноки Маҷмаа ба таълими кормандони соҳа тавассути курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар, ки дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шӯъбаҳои (марказҳои) хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон, марказҳои будубоши рӯзона барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин, дар муассисаҳои интернатии  системаи  вазоратҳои маориф ва илм ва адлия (муассисаҳои қабулкунанда-тақсимкунанда, колонаҳои ноболиғон) кор мекунанд, ҳамзамон барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигаре, ки хизматҳои  иҷтимоӣ расонида, бо масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон машғул мебошанд, равона карда шудааст. Бояд гуфт, ки ҳамасола дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ то 200 нафар кормандони соҳа аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Дар раванди омӯзиш шунавандагони курсҳои такмили ихтисос донишҳои назариявии андухтаашонро дар шӯъбаи таҷрибавии муассиса, ки бевосита барои таҷрибаомӯзии онҳо бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шудааст, мукаммал мегардонанд. Пас аз хатми курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба иштирокчиён шаҳодатномаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тақдим карда мешавад.

Бо мақсади пурра фаро гирифтани кормандони соҳа ба омӯзиш дар мувофиқа бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.03.2019, №176 махзани ягонаи шунавандагони курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тартиб дода шуд. Дар баробари ин, барои кормандоне, ки дар минтақаҳои дурдаст қарор доранд, курсҳои такмили ихтисоси сайёр ташкил ва баргузор карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул гардид, ки мақсади он баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама мебошад.

Ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои дахлдори барномаи мазкур дар доираи нақша ва барномаҳои таълимӣ аз ҷониби Маҷмаа ба 673 нафар кормандони соҳа дар ҳаҷми 160 соат дарсҳо гузаронида шудааст.

Дар баробари фаъолиятҳои омӯзишӣ, инчунин, аз ҷониби мутахассисони муассиса ба марказҳое, ки ба тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд машғул ҳастанд, кумакҳои машваратӣ низ расонида мешаванд.

Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” минбаъд низ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифат ва савияи дониши кормандони соҳа ва пешниҳод намудани усулҳои муосири хизматрасонӣ тамоми кӯшиш ва талоши худро равона хоҳанд кард.

Директори Муассисаи давлатии

“Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори

иҷтимоӣ ва инноватсияҳо”

Шодӣ Соҳибназаров

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 988
  • 989
  • 887,353