Мавлуда Давлатмамадова: бовар надоштам, ки соҳиби ду медали тилло мешавам

Мавлуда Давлатмамадова: бовар надоштам, ки соҳиби ду медали тилло мешавам
Июл 09
09:33 2019

Бонуи ихтироъкори тоҷик Мавлуда Давлатмамадова аз  19 то 26 июни соли равон дар  12-умин «Форуми занони ихтироъкор» дар байни 28 давлат ва зиёда аз 274 иштирокчӣ, ки дар шаҳри Сеули давлати Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сазовори ду медали тилло шуд.  Яке аз ин ду медал аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи  занони ихтироъкор дар давлати Кореяи Ҷанубӣ ва медали дуюм аз тарафи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба ӯ тақдим карда шуд.

Мавлуда Давлатмамадова ходими илмии шӯъбаи “Фармакогнозия, технологияи дору ва биотехнология”-и Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номбурда 17 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Юсуфӣ Саломуддини Ҷаббор ва доктори илмҳои техникӣ профессор Рузиев Ҷура Раҳимназарович рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, сазовори  номзади илмҳои техникӣ гардид.

Ӯ инчунин дар конфронси байналмилалии “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон, “Рӯзи ихтироъкорону навоварон”,  ки 26 апрели соли равон доир гашт, сазовори дипломи дараҷаи 3 ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯи номинатсияи  “Зиёдтарин миқдори патент барои ихтироот” ва сазовори дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Мавлуда Давлатмамадова  яке аз он бонувони ихтироъкор мебошад, ки аввалин шуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ хокаи кӯдаконаро аз талки  кони Мулвоҷ, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, кашф намудааст.

Ба муносибати  иштирок дар чунин як форуми сатҳи баланд ва сазовори ҷойи аввал гардидан, инчунин доир ба паҳлуҳои самти фаъолияти ин бонуи ихтироъкор корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хусрав Шоҳсаидов бо Мавлуда Давлатмамадова суҳбате орост, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

 -Сараввал мегуфтед, ки чӣ гуна ба чунин як форуми сатҳи баланд роҳ ёфтед?

-Қалбан мехоҳам изҳори сипос ва миннатдории хешро ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намоям, ки маҳз дар партави сиёсати оқилонаву дурандешонаи эшон кишвари азизамон рӯз то рӯз рӯ ба гулгулшукуфоӣ оварда истодааст. Воқеан, имрӯз ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз занону бонувони кишвар ҳар лаҳза эҳсос мегардад. Занону бонувони тоҷик имрӯз на танҳо роҳбар ва сиёсатмадор ҳастанд, балки онҳо низ метавонанд дар қатори мардон рӯ ба илм ва ихтироъкорӣ биоваранд.

Натиҷаи дастгириҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки банда ҳамчун як бонуи ин сарзамини биҳиштосо дар чунин як форуми сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори медали тилло гардидам ва номи кишварамро дар миёни дигар давлатҳо баланд бардоштам.

Дар ин росто, мехоҳам ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода низ изҳори миннатдорӣ намоям, ки эшон низ пайваста аз мо бонувони ихтироъкори вазорат пуштибонӣ менамоянд.

Барои иштирок намудан дар чунин як форуми ихтироъкорон  барои мо, пеш аз ҳама, он патенте, ки аз ҷониби  Муассисаи давлатии маркази патенту иттилооти кишвар дода шудааст, кӯмак намуд. Инчунин, бо назардошти он ки дар кишвари  Корея ба патентҳои вобаста ба соҳаи тиб бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, барои иштирок дар ин форум мо иқдом пеш гирифтем.

 -Вақте дар миёни  274 иштирокчӣ аз 28 кишвари олам сазовори медали тилло гардидед, шуморо чӣ эҳсос фаро гирифт ва оё бовар доштед, ки дар ин форум сазовори ҷойи аввал мегардед?

-Не ростӣ,  бовар надоштам, ки сазовори ҷойи аввал мегардам. Чунки дар ин форум намояндагон аз кишварҳои мутараққии олам низ ҳузур доштанд, ки дар баробари онҳо ғолиб ва ҷойи аввалро гирифтан хеле душвор буд, аммо, ман ҳарчи бештар кӯшиш намудам, ки дар ин форум ҳунар ва маҳорату дониши худро ба ҳозирин нишон бидиҳам. Вақте намояндагони форум ба назди мо омаданд, хеле кӯшиши зиёд намудам, ки вобаста ба лоиҳаи хеш ба онҳо маълумоти кофӣ бидиҳам.  Кӯшиш менамудам  ба онҳо бифаҳмонам, ки патенти мо на дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо низ метавонад қадр ва манзалат дошта бошад.

Албатта, эҳсосоти тасвирнашавандааст. Вақте номи маро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ғолиб эълон намуданд, намедонам чӣ гуна то ба минбар баромадам. Танҳо пасон дар даст парчами кишвари азизамон ба майдон баромаданамро тариқи навор дидам. Чунин эҳсос намудам, ки вақте берун аз Ватан қарор дорӣ, меҳри он даҳчанду садчанд дар қалбат зиёд мешавад. Меҳри Ватанро дар хориҷи кишвар ба мисли меҳри модар дар дил наздик эҳсос мекунӣ. Ин лаҳзаи хеле гуворо ва ҳаловатбахш аст, ки бо сухан баён намудани он имкон надорад. Барои ин лаҳзаро эҳсос намудан, бояд худ иштирокчии он бошӣ.

 -Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки Шумо  дар форуми мазкур ташкил намудед, бештар ҳайати комиссия ба чӣ таваҷҷуҳ намуданд?

-Ба назди мо як зан ва як мард, ки ҳарду ҳам аз кишвари Корея ва узви ҳайати комиссияи форум буданд, омаданд. Онҳо бисёртар ба гиёҳҳое таваҷҷуҳ намуданд, ки ба воситаи онҳо ҳайати мо ҳар гуна доруҳоро омода сохта буданд. Кори ман, ки доир ба ҳарорати пӯст аз хокаи талка омода шуда буд, ба он ду намуд гиёҳро низ ворид намудам.  Аз ин рӯ, онҳо бештар  ба гиёҳҳои шифобахш таваҷҷуҳ карданд. Моро зарур аст, ки имрӯз ба коркард ва истифодаи гиёҳҳои шифобахши кишвар иқдом намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш хеле бой аст ва ҳанӯз дар замони хеш Абӯалӣ ибни Сино мардумро бештар бо гиёҳҳои шифобахш табобат менамуд.

 – Тавре мо иттилоъ дорем, мавзӯи кори илмии шумо “Омӯзиши хосиятҳои физикию химиявии талки кони “Мулвоҷ” мебошад, инчунин ихтироотатон низ дар ҳамин самт кашф гардидааст. Дар ин бора каме маълумот медодед.

– Талки кони “Мулвоҷ” дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир буда, миллионҳо тонна захира дорад. Вобаста ба хусусият ва манфиатҳои тиббияш ҳанӯз кашфношуда боқӣ мондааст. Он танҳо аз сӯи геологҳо кашф гардидааст. Кони мазкур на танҳо ба соҳаи тиб, инчунин ба соҳаҳои  сохмон, соҳаи қоғазбарорӣ, қаннодӣ ва дар умум дар 24 номгӯи маводи дигар имкони истифода шуданро дорад.

Ихтирооти ман хокаи кӯдаконаи “Талк” мебошад. Хокаи кӯдаконаи ихтироъшуда дар таркибаш се молекулаи оксиди магний, чор молекулаи оксиди кремний ва молекулаи об дорад, дорои панҷараи кресталӣ мебошад.

Ин намуди панҷара сатҳи пӯстро нағз нигоҳ медорад, зеро зуд ҷаббида намешавад. Хокаи кӯдаконае, ки  ихтироъ намудам, технологияи коркарди он душвор набуда, аз маҳсулоте омода гардидааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ёфт мешавад. Аз ҷумла, кислотаи хлорид, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон мавриди коркард аст. 99 дарсади талке (маводи хокимонанд), ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, барои хокаи кӯдакона қобили истифода мебошад.

Хокаи кӯдаконаи “Талк” дар шароити лабораторӣ санади тасдиқкунанда дорад, аммо дар саноат ҳанӯз  ҷорӣ нашудааст, зеро барои он ки дар саноат ҷорӣ бишавад,  корхонаи алоҳида ва маблағ лозим аст.

 -Аз назари шумо барои пешбурди фаъолияти занони ихтироъкори кишвар кадом мушкилиҳо монеа эҷод мекунанд?

-Албатта, бо вуҷуди дастгириҳо мушкилотҳо низ дар  самти пешбурди кор ва фаъолияти ихтироъкорон, аз ҷумла бонувон низ вуҷуд доранд. Яке аз мушкилоти мавҷуда нокифоя будани озмоишгоҳҳо мебошанд. Масалан, аз он ки банда тӯли даҳ сол дар ин самт фаъолият намуда истодаам, аз ин озмоишгоҳ ба он озмоишгоҳ меравам, то кори хешро ба сомон расонам. Агар тӯли ин муддат кори худро дар як озмоишгоҳ анҷом медодам, вақти ман камтар сарф мешуд ва ҳарчи зудтар кори илмиамро ҳимоя ва ихтироотамро барвақт ба анҷом мерасонидам. Ҳолатҳое буданд, ки моро ба озмоишгоҳҳо роҳ намедонанд, бо масъулини онҳо баҳс менамудем. Ин мушкилот арзи вуҷуд дорад ва  хеле мехоҳам, ки як озмоишгоҳи фармакологӣ  дар кишвар таъсис дода шавад, то тамоми  гиёҳҳо ва маъданҳои дар кишвар вуҷуд дошта дар он коркард бишаванд.

 -Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

-Нақшаҳо хеле зиёд ҳастанд. Агар лоиҳаҳои мо дастгирӣ ёбанд, умедворам, ки мо дар кори худ метавонем муваффақ бишавем. Тавре дар форум бо ҳамкасбони хеш аз дигар давлатҳо шинос шудем, онҳо моро ба кишварҳои хеш давъват намуданд. Умедворам, ки бо даст додани имконият дар оянда низ дар чунин форумҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегардем, ном ва Парчами  кишвари азизамон-Тоҷикистонро низ дар миёни дигар кишварҳо баланд мебардорем. Дар оянда нақша дорам, ки  дар самти дорусозӣ ва  косметалогия низ ихтироъҳои хешро ба миён биоварам, зеро имрӯз талабот ба ин ду соҳа воқеан хеле зиёд аст. Мехоҳам маҳсулоти дар ин самт  истифодашавандаро аз гиёҳҳои шифобахши кишвари азизамон барои истифода ихтироъ ва пешниҳод намоям. Мутаассифона, дар соҳаҳои дорусозӣ ва косметалогия имрӯз бештар аз маводи сунъӣ истифода мешавад, на аз гиёҳҳои табиӣ.

 -Ташаккур барои суҳбат!

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 615
  • 1,242
  • 949,635