Бо мақсади таъмин намудани маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ фаъолият менамояд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ новобаста ба вазъияти марбут ба пандемияи COVID-19 дар самти таъмин намудани маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ, ортезҳо, пойафзолҳои ортопедӣ, камарбанд, асо, асобағал, асо то оринҷ, аробачаи маъюбӣ ва дигар хизматрасониҳо амалӣ гардида, дар ин давра 248 адад аробачаи маъюбӣ, 281 адад асо, 15 адад асо барои нобиноён, 167 ҷуфт асобағал, 12 адад асобағал то оринҷ, 27 дона дастгоҳи шунавоӣ ва 38 адад роҳгардак (ходунок) ба маъюбони ниёзманд дастрас гардонида шуда, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби корхона ба 3389 нафар ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ расонида шудааст.