Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
Май 04
15:05 2023

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ сафари навбатии худро дар доираи  фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” идома дода истодаанд. Ин навбат гуруҳи муттахассисон барои ҷамъбасти Лоиҳа ташриф оварда, фаъолияти онро  пурсамар арзёбӣ карданд.  Роҳбари инамояндагони гуруҳи корӣ хонум Мирия Шоблум аз фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” изҳори қаноатмандӣ намуда, зимни вохурӣ бо кормандон зикр кард, ки тули 10 соли фаъолият Лоиҳа тавонист дар самти рушди  шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ саҳми назаррас гузорад. Фаъолияти босамари ин Лоиҳа, ки бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифт ба аҳолии 16 ноҳия имкон фароҳам овард, то кормандони тиб дар маҳалҳо аз назари молиявӣ дастгирӣ ёбанду бар замми ин барои такмили сохтори муассисаашон саҳмгузор бошанд. Пардохти маблағҳои иловагӣ дар доираи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият, сохта ба истифода додани  марказҳои саломатии деҳот, бо таҷҳизоту ҷиҳози тиббӣ таъмин кардани онҳо, доир намудани даврҳои омӯзишӣ дар самти омода намудани мутахассисони тибби оилавӣ аз ҷумлаи дастовардҳоест, ки метавон бо ифтихор номбар кард. Таҷрибаи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” боиси пайравии дигар лоиҳаҳои  инвеститсионӣ шуда метаонад. Ин Лоиҳа баҳрабарандагони хеле зиёде дошт ва тавонист беш аз ҳама аҳолиро барои фаъолияти босамар бо кормандони тиб ҷалб намояд, сифати хизматрасонии тиббиро дар деҳот ба маротиб боло барад.

Зикр гардид, ки ин Лоиҳа бо таҷрибаи бадстовардаи хеш метавонад таҳкурсии боэътимоде барои  роҳандозии лоиҳаҳои дигари Боки Ҷаҳонӣ дар самти тандурустии кишвари мо гардад.

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ зимни вохурӣ бо гуруҳи техникии Лоиҳа оид ба ҷамъбасти муваффақонаи Лоиҳа маслиҳату машваратҳо доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990