Мизи мудаввар оид ба таъмини ғизои солим, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Июн 18
14:51 2019

Имрӯз, 18 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи “Гранд-ател”-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи оид ба тағирот ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар робита бо таъмини ғизои солим, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, Сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев, Сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур, Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторова ва як қатор мутахассисони марбутаи соҳа иштирок намуданд.

Мизи мудаввар дар чаҳорчубаи Созишномаи байни Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии ИДМ дар доираи амалисозии лоиҳаи “Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” гузаронида шуд.

Дар идомаи мизи мудаввар вобаста ба “Таҳлили вазъият дар ҷумҳурӣ оид ба ғизои солим ва амнияти озуқаворӣ, тағйироти рафторӣ дар ғизо ва малакаҳои амалӣ дар омодасозии ғизои солим” Сармутахассиси соҳавии вазорат Шералӣ Раҳматуллоев,  оид ба “Таҳлили амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ” Сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур,  оид ба “Натиҷаҳои татбиқи чорабиниҳои барнома оид ба тағйирот ва баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар робита бо ғизо, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ” мудири шӯъбаи барномаҳои таълимии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Закирова Мавлуда, оид ба “Ташхиси хулосаҳои ҷаласаи якум оид ба таъмини ғизои солим ва амнияти озуқаворӣ” мутахассиси шӯъбаи таълимӣ дар Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим  Абдураҳмонова Зулфия баромад намуданд.

Инчунин дар идомаи мизи мудаввар ба иштирокчиён видеофилм ва видеоролик намоиш дода шуд.

Қайд гардид, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон саҳми намоён дошта, тақрибан 23% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва 64,5% шуғли аҳолии мамлакатро ташкил медиҳад.

Бино ба омори расмӣ, айни замон дар 50 мамлакати ҷаҳон зиёда аз 815 млн нафар одамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ мекашанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 966
  • 1,242
  • 949,986