Муаррифии Лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон

Муаррифии Лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон
Апрел 18
18:00 2023

 

Имрӯз, 18 апрели соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат реҷенсии шаҳри Душанбе маросими муаррифии Лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, директори Дафтари USAID дар Тоҷикистон Питер Рейли, муовини директори Дафтари минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором Эми Вейссман ва роҳбарони як қатор муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки пешгирии бемории сил дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла дар ин самт  бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд дар кишвар як қатор лоиҳаҳо фаъолият менамоянд, ки баҳри пешгирии бемории сил саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд.

Баъдан,  директори Дафтари USAID дар Тоҷикистон Питер Рейли, муовини директори Дафтари минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором Эми Вейссман низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳамзамон як қатор иштирокчиён низ ба ҳозирин маълумот пешниҳод карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 425
  • 956
  • 913,125