Мулоқот бо коршиноси идораи минтақавии СУТ дар Аврупо оид ба дастгирии ташхиси SARS-COV-2 дар Озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо коршиноси идораи минтақавии СУТ дар Аврупо оид ба дастгирии ташхиси SARS-COV-2 дар Озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сентябр 29
16:25 2021

Имрӯз, 29 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдухолиқ Амирзода бо коршиноси  Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Ҷоанна Зветенга ва кормандони Намояндагии СУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Брайн Коэн ва Абдулаҳад Сафаров оиди натиҷаҳои санҷиши озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти SARS-COV-2 мулоқот намуд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз ташрифи коршиноси миссияи техникии Дафтари СУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин расонидани кӯмаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани системаи идоракунии сифат дар озмоишгоҳҳо, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо бо маводҳои тест-системавӣ, омӯзонидани мутахассисон, системаи идоракунии иттилооти лабораторӣ ва ғайра буд.

Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади ворид намудани системаи идоракунии сифат дар озмоишгоҳҳо, 12 нафар мутахассисони миллӣ барои татбиқи системаҳои менеҷменти сифат дар озмоишгоҳҳо дар рафти омӯзишӣ-ментории СУТ  омӯзонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 967
  • 1,242
  • 949,987