Мулоқот бо коршиносони Миссияи техникии Дафтари ТУТ дар Аврупо

Мулоқот бо коршиносони Миссияи техникии Дафтари ТУТ дар Аврупо
Сентябр 28
16:37 2021

Имрӯз, 28 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо коршиносони  Миссияи техникии Дафтари ТУТ дар Аврупо Роберт Пастор, Хосе Хаган ва Рустам Набиев мулоқот намуд.

Инчунин, дар мулоқот муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз ҳамкориҳои вазорат бо Дафтари ТУТ дар Аврупо  ёдовар шуда, омодагии вазоратро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо дафтари мазкур иброз намуд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз ташрифи коршиносони Миссияи техникии Дафтари ТУТ дар Тоҷикистон-ин расонидани кӯмаки техникӣ ба вазорат доир ба арзёбии фарогирии реҷаи эмкунӣ, гузаронидани баҳодиҳии сифати маълумотҳо дар соҳаи иммунопрофилактика ва табодули таҷриба бо мутахассисони тоҷик дар ин самт ба шумор меравад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, баланд бардоштани сифати коргузорӣ дар соҳаи иммунопрофилактика аз 15 то 30 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баҳодиҳии сифатнокии нишондиҳандаҳои фарогирии гурӯҳҳои мақсаднок бо иммунизатсияи муқаррарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 920
  • 1,242
  • 949,940