Феврал 02
16:05
2024
Санаи 2 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” вохурӣ анҷом дод.
Гуфта шуд, ки Лоиҳаи мазкур дар давраи сар задани пандемияи СOVID-19 ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ин сироятро дастгирӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро баҳри боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз доштанд.