Имрӯз, 21 апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо намояндагони Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои мулоқот аз номи роҳбарияти вазорат ба кишвари Ҷопон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар бисёр бахшҳо, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар сатҳи хуб қарор дорад.
Зикр гардид, ки Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳамзамон, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз доштанд.