Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори кишварии Хазинаи нуфузи аҳолии СММ бо қароргоҳ дар шаҳри Тошкант мулоқот анҷом дод

Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори кишварии Хазинаи нуфузи аҳолии СММ бо қароргоҳ дар шаҳри Тошкант мулоқот анҷом дод
Феврал 21
10:46 2024

20-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо хонум Нигина Аббосзода, директори навтаъйини кишварии Хазинаи нуфузи аҳолии СММ (ЮНФПА) бо қоргоҳ дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, хонум Нигина Аббосзодаро ба муносибати директори кишварии Хазинаи нуфузи аҳолии СММ (ЮНФПА) бо қоргоҳ дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин гардиданаш табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаи кории ӯ барору муваффақият таманно кард.

Зикр гардид, ки Намояндагии кишварии ЮНФПА дар Тоҷикистон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самтҳои гуногун, аз қабили таҳия ва баррасии санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, дастурҳо, стандартҳо ва маҷмуъи роҳнамоҳо марбут ба ҳуқуқҳои ҳамгирошудаи солимии репродуктивӣ, солимии модар, банақшагирии оила, пешгирии саратони гарданаки бачадон, пешгирии ВНМО ва дигар сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, солимии репродуктивии наврасон ва ҷавонон ва дигар самтҳо ҳамкории хешро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, намояндагии мазкур дар доираи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” (маблағгузории Бонки Исломии Рушд) барои гузаронидани тафтишот оид ба фавти модар ва ҳолатҳои наздик ба он ва аудити клиникӣ барои кормандони таваллудхонаҳо дар ноҳияҳои пилотӣ як қатор омузиш гузаронид.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 670
  • 1,242
  • 949,690