Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге
Сентябр 13
14:45 2023

13 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҳанс Клюгеро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба ТУТ изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солимии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинон дар кишвар як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба «Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025» мубодилаи афкор намуда, таҳияи чунин як ҳуҷҷати муҳимро баҳри беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.

Баъдан Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ташриф оварда, дар машварати маҷозӣ бо коршиносони ТУТ  иштирок ва суханронӣ карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 957
  • 1,219
  • 899,373