Муъминобод: Занҳои қобили таваллуд аз бемории коронавирус эмин нигоҳ дошта мешаванд

Муъминобод: Занҳои қобили таваллуд аз бемории коронавирус эмин нигоҳ дошта мешаванд
Май 19
16:08 2020

Имрӯзҳо дар  кӯчаю маҳаллаҳо ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Муъминобод низ чун дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои беҳдоштию тамизкунӣ ба роҳ монда шудаанд. Масъулини  Маркази солимию репродуктивии ноҳия баҳри пешгирии  бемории COVID-19 бо занҳои қобили таваллуд  дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Тавре директори Маркази солимию репродуктивии ноҳия Замира Юлдошзода иттилоъ дод, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

«Бемории  коронавирус мо, кормандони марказро  бетараф намегузорад. Мо вазифадорем, ки бештар бо занҳои қобили таваллуд  ва ҳомиладор  вохӯрӣ анҷом диҳем ва ба онҳо  фаҳмонем, ки  ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намуда, ҳамеша эҳтиёткор бошанд.  Дар ноҳия шумораи занҳо 49 ҳазору 188  ададро ташкил медиҳанд, ки аз он 24 ҳазору 619 нафарашон занҳои қобили таваллуданд. Мо  ҳамарӯза  ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта,  ба занҳо  сари вақт  шустани дастон бо  собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб,  ҳамеша таҳти назорат гирифтани кӯдаконро мефаҳмонем»,- гуфт номбурда.

Замира Юлдошзода мегӯяд, ки хушбахтона, то холо  дар  ноҳияи Муъминобод байни занҳо бемории коронавирус  ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давра  беш аз 80 нафар зан  барои санҷиши ҳарорат  ва ҳомиладорӣ  муроҷиат намудаанд. Санҷиш нишон дод, ки  ҳарорати онҳо муътадил буда, ин беморӣ дар онҳо дида  намешавад. «Мо кӯшиш менамоем, ки  мушкилоти   занҳои муроҷиатнамударо сари вақт  бартараф намоем.  Аз ин рӯ ба   мардум гуфтаниям, ки ба воҳима   дода нашуда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро  бештар риоя ва худу наздиконашонро эҳтиёт намоянд»,- иброз дошт директори Маркази солимию репродуктивии ноҳияи Муъминобод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 737
  • 1,242
  • 949,757