Муоинаи тиббии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ таҳти назорати қатъии вазорат қарор дорад

Муоинаи тиббии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ таҳти назорати қатъии вазорат қарор дорад
Сентябр 30
09:39 2022

Бо мақсади иҷрои банди 7 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” 29 сентябри соли равон дар толори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷаласаи навбатӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати мудофиа ва Сарпрокуратураи ҳарбии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 7 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими даъвати тирамоҳии соли 2022 ба сардорони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати фаъолияти босифат ва саривақтии комиссияҳои тиббии даъвати баҳории комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва таҳти назорати бевоситаи худ қарор додани муоинаи тиббии даъватшавандагон супоришҳои мушаххас дода, масъалаи мазкурро таҳти назорати қатъии худ қарор додааст.

Зикр гардид, ки дар даъвати тирамоҳии соли равон барои фаъолияти босамари комиссияҳои тиббии даъватӣ ҷиҳати гузаронидани муоинаҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣбо маводҳои доруворӣ, таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ, дастгоҳи даруннигарӣ, дастгоҳи сабти барқии кори дил ва фишорсанҷ, инчунин бо маводҳои сарф барои гузаронидани ташхиси озмоишӣ (ташхиси умумии хун, пешоб, гурӯҳи хунва мансубияти резус), муоинаи тестии фаврии ташхиси бемориҳои сироятии вируси норасогии масунияти одам (ВНМО), гепатитҳои «В», «С» ва муоинаи хун барои оташак (мубодилаи Вассерман (RW)) таъмин намудан ва зери назорати доимии роҳбарияти шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо қарор додан бо фармоиши худ аз 21 сентябри соли 2022, №694 вазифадор карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 906
  • 1,242
  • 949,926