Имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, мусобиқаи панҷуми волейбол байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба соли «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон бахшида ба рӯзи иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки айни замон мусобиқаи футбол миёни кормандони ин ниҳод дар ҳоли идомаёбӣ қарор дошта як қатор мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон бахшида ба рӯзи иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд.
Даври ҷамъасти умумии мусобиқот 18 август, дар рӯзи таҷлили Иди касбии табибон баргузор хоҳад шуд.