«Нақши момодоя дар модаршавии бехавф»

«Нақши момодоя дар модаршавии бехавф»
Май 06
15:10 2024

Имрӯз, 6-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 10 солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии момодояҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Нақши момодоя дар модаршавии бехавф» конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шӯъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, шарикон оид ба рушд, доираи васеи мутахассисони соҳа ва ҳамзамон намояндагони ассотсиатсияи момодояҳои кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба тариқи онлайн иштирок намуданд. 

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рӯзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ доимо мавриди муҳокима қарор дорад.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ ба ҳуқуқҳои занон ва модарон диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 1993 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон”-ро эътироф намуд.

Дар ҳамин замина, бо мақсади таъмини иҷрои конвенсияи болозикр аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон” (с.2006), “Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с.2017), “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024”, “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 20227” ва “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023 – 2027” таҳия ва қабул шуданд, ки онҳо барои устувории заминаи меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои ҳифзи солимии модару кӯдакон мусоидат намуданд.

Дар натиҷаи амалисозии қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо, барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ ва ислоҳоти соҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беҳтаршавии як қатор нишондиҳандаҳои демографӣ ноил гардид.

Зикр гардид, ки фаъолияти момодояҳо дар кишвар давра ба давра мавриди таҳлил ва баҳодиҳӣ қарор дода шуда, бо мақсади ҳавасмандгардонии мутахассисон озмунҳои гуногун, аз ҷумла соли 2023 озмуни “Беҳтарин момодояи сол” сол гузаронида шуда, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар идомаи конфронс як қатор иштирокчиён бо сухани ифтитоҳӣ ва маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар анҷом изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаи чорабинии имрӯза дар пешрафти фаъолияти ояндаи момодояҳои кишвар мусоидат хоҳад  кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 105
  • 989
  • 887,459