16 марти соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, шарикони рушд, намояндагони як қатор сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки 25 феврали соли 2021, таҳти №25 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид.
Зикр гардид, ки нақшаи мазкур бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва принсипҳои роҳбарикунанда, инчунин нишондиҳандаҳои ҳадафноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мутобиқ карда шудааст.
Инчунин, гуфта шуд, ки ин нақша аз ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон, аз ҷумла стратегияҳои бахши тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ғизои мактабӣ, қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва як қатор барномаҳое, ки ҳадаф ва фаъолияташон ба ғизо алоқаманд аст ва бо дастгирии шарикон амалӣ мегарданд, асос ёфтааст.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Ҳаракат оид ба тавсеаи мудохила ба ғизо (SUN) ҳамроҳ гардид ва масъалаҳои ғизо ба вазифаҳои афзалиятнок мубаддал гардида, нишондиҳандаҳои мақсадноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи ғизо барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 2 (тандурустӣ) расман қабул гардиданд.