Дар асоси даъватномаи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар доираи чорумин нишасти вазирони тандурустии кишварҳои узви ЭКО, ки санаи 2 июни соли равон дар шакли маҷозӣ доир гардид, бинобар дар сафари корӣ қарор доштани вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ғафур Муҳсинзода дар он иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар нишасти мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия ва Туркменистон низ иштирок намуданд.
Дар нишасти мазкур иштирокчиён доир таҷрибаи андухтаи кишварҳои хеш дар самти ташхис ва табобати бемории COVID-19 мубодилаи афкор намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар баромади хеш доир ба дастовард ва таҷрибаи табибони Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат Тоҷикистон тавонист бар муқобили ин беморӣ пирӯз ояд. “Натиҷаи кӯшиш ва талошҳои хастанопазири табибони мамлакат мебошад, ки шурӯъ аз 10 январ бо имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”,-зикр намуд номбурда.
Иштирокчиёни нишаст ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.