Рӯзи 31 июли соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни ба истифода додани зеристгоҳи мазкур иброз дошт, ки азнавсозӣ гардидани зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд имконот ва шароити арзандаро барои табибони ин муассисаи тандурустӣ фароҳам хоҳад овард. Ҳукумати кишвар ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иқтидорҳои пойгоҳи соҳаи тандурустиро тақвият бахшад ва табибони варзида тамоми амалиёту табобатҳоро дар дохили кишвар ба роҳ монад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолони шаҳр таъкид дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ба ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зикр гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи сипаришуда дар вилоят азнавсозӣ ва таъмиру тармими 13 беморхона, 4 бунгоҳи саломатӣ, 12 маркази саломатӣ, 9 таваллудхона, 31 нуқтаи хатнаи кўдакон ва 23 дорухона ба итмом расонида шуд.
Дар чаҳорчуби корҳои бунёдкорӣ зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд низ бо харҷи беш аз 1 миллиону 30 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардид. Ин имкон фароҳам меорад, ки барои беш аз 120 ҳазор аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд ҳанӯз соли 1952 дар назди беморхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, аз соли 1985 чун сохтори алоҳида фаъолият менамояд.