Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Хадамоти давлатии экспертизаи  тиббию иҷтимоӣ
Октябр 16
17:08 2020

Имрӯз дар Хадамоти давлатии экспертизаи  тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷаласаи васеъ доир ба ҷамъбастаи фаъолияти хадамоти мазкур дар 9 моҳи соли 2020 доир гардид.

Қайд гардид, ки имрӯз дар сиёсати пешгирифтаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.

Тавре ки Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои хеш иброз намудаанд:  «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмин намудани ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии маъюбон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ҷаласа  оид ба фаъолияти 9-моҳаи Хадамоти давлатии экспертизаи  тиббию иҷтимоӣ дар соли 2020 маърӯза шунида шуда, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 712
  • 1,242
  • 949,732