Назорати соҳаи фарматсевтӣ пурзӯр мегардад

Назорати соҳаи фарматсевтӣ пурзӯр мегардад
Июл 10
07:07 2019

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар соҳаи фарматсевтии мамлакат бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, фаъолияти бисёре аз муассисаҳои фарматсевтӣ ва табобатию пешгирии ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дода шуданд.

Дар муҳлати сипаришуда 63 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ  ва 17 иҷозатнома оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шудааст, ки ин дар маҷмӯъ 80 иҷозатномаро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат ба маблағи умумии 25 миллиону 505 ҳазору 435 (бисту панҷ миллиону панҷсаду панҷ ҳазору чорсаду сию панҷ) доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки аз ин 6 миллиону 399 ҳазору 534 доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона, 18 миллиону 220 ҳазору 569 доллари амрикоӣ барои тиҷорат, 885 332 доллари амрикоӣ бо мақсади истифодабарӣ мебошанд.

Содироти маводи доруворӣ аз ҷумҳурӣ дар ин давра ба маблағи 4 миллиону 628 ҳазору 942 (41 миллиону 735 ҳазору 918 сомонӣ) доллари амрикоӣ  баробар  мебошад.

Инчунин дар ин давра сифати 19377 адад маводи доруворӣ санҷида шуд, ки ба 19089 адад сертификатҳои мутобиқат ва шиносномаи таҳлилӣ дода шуда, 288 адади дигар ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуданд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2477 муассисаи фарматсевтӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин дар шаҳри Душанбе 500 муассисаҳои фарматсевтӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 336 муассисаҳои фарматсевтӣ, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 398 муассисаҳои фарматсевтӣ, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 298 муассисаҳои фарматсевтӣ, дар вилояти Суғд 885 муассисаҳои фарматсевтӣ, дар ВМКБ 60 муассисаҳои фарматсевтӣ мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 710
  • 1,242
  • 949,730