«Некӣ» ва «Имконият» дар Душанбе нахустин Анҷумани миллии маъюбони Тоҷикистонро баргузор мекунанд

«Некӣ» ва «Имконият» дар Душанбе нахустин Анҷумани миллии маъюбони Тоҷикистонро баргузор мекунанд
Октябр 23
13:43 2017

Бунёди ёрии кӯдакони маъюби «НЕКӢ»  дар ҳамкорӣ бо ТҶ Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «ИМКОНИЯТ» 25-26 октябри соли равон дар Маркази исмоилия нахустин Анҷумани миллии маъюбони Тоҷикистонро баргузор менамоянд.

Тавре аз Бунёди ёрии кӯдакони маъюби «НЕКӢ» хабар доданд, анҷумани мазкур бахшида ба Соли ҷавонон таҳти шиори «Ягонагӣ неруи  мост» баргузор шуда, баҳри баланд бардоштани маълумотнокии ҷомеа оид ба ҳуқуқ ба дастовардҳои маъюбон равона шудааст. Мақсади Анҷуман ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ баҳри ҳалли мушкилиҳои маъюбон мебошад. Дар анҷуман ҷавонони дорои маъюбӣ аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ҳадафи асосии ҷамъомад баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳаёт ва ҳуқуқҳои одамони дорои маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии онҳо тавассути таълим ва баланд бардоштани неруи онҳо, иштироки онҳо дар роҳи фаъоли ҳаёт тавассути барномаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ мебошад.

Khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 959
  • 1,242
  • 949,979