Нишасти матбуотии вазорат баргузор гардид

Нишасти матбуотии вазорат баргузор гардид
Июл 26
17:07 2021

Имрӯз, 26 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт ва доираи васеи намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода вобаста ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2021 мухтасар баромад намуд. Тавре зикр гардид, барои баҳогузории нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ 26 январи соли 2021 зимни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар нисбат ба солҳои пешин тамоюли беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ, аз ҷумла дарозумрӣ, нишондиҳандаҳои умумии фавт, хусусан фавти кӯдакони синни то панҷсола, беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори соҳа тавассути ба истифода додани иншоотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қайди саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон, рушди ҳифзи солимии модарону кӯдаконро ҳамчун дастовардҳои назаррас қайд намудани Роҳбари давлат боиси фараҳмандию хурсандии кормандони соҳа гардид. Аз ҷониби Сарвари давлат баланд арзёбӣ намудани касбияти табибони ватанӣ дар давраи пандемияи бемории коронавируси нави COVID-19 боиси ифтихори табибон буда, онҳоро барои дучанд намудани фаъолияти шабонарӯзӣ дар ин давраи пандемия вазифадор менамояд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаи тандурустӣ ҳамасола зиёд ва дар соли 2021 ба соҳаи тандурустӣ 2 миллиарду 350 миллиону 369 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2020 27,6% ё ин, ки 509 миллиону 88 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2,5% ва нисбати ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 8,4%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, нақшаи буҷети нимсолаи якуми соли 2021 ба муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ пешбинигардида 934 миллиону 880 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 (824 миллиону 275 ҳазор сомонӣ) 13,4 фоиз зиёд буда, иҷроиши он 874 миллиону 996 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 (758 миллиону 650 ҳазор сомонӣ) 15,3 фоиз зиёд мебошад, аз худ карда шудааст, ки ин дар нимсолаи якуми соли 2021- 93,6% (нимсолаи якуми соли 2020 -92,0%)-ро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бошад, дар давраи нимсолаи якуми соли 2021 нақша 134 миллиону 171 ҳазор сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли 2020 (121 565 ҳазор сомонӣ) 10,4 фоиз зиёд ва иҷроиши он 117 миллиону 487 ҳазор сомонӣ нисбати ҳамин давраи соли 2020 (88 миллиону 568 ҳазор сомонӣ) 32,6 фоиз зиёд мебошад ё ин, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 87,6% (нимсолаи якуми соли 2020 72,8%)-ро ташкил медиҳад.

Ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, дар соли 2021 171 миллиону 209 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020 (139 миллиону 280 ҳазор сомонӣ) 22,9% ё ин, ки 31 миллиону 929 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети нимсолаи якуми соли 2021 ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ҷудошуда 79 миллиону 682 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 (42 миллиону 220 ҳазор сомонӣ) 88,7 фоиз зиёд буда, аз ин 66 миллиону 684 ҳазор сомонӣ нибати ҳамин давраи соли 2020 (39 миллиону 003 ҳазор сомонӣ) 71,0 фоиз зиёд мебошад, аз худ карда шудааст, ки ин дар нисмолаи якуми соли 2021 83,7% (нимсолаи якуми соли 2020 – 92,4%)-ро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, дар моҳи марти соли 2021 зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ – инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд, ки барои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, 25-26 марти соли 2021 Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”, дар ноҳияи Кӯшониён бинои нави Маркази тандурустии “Ваҳдат” ва дар ноҳияи Ёвон шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандии Беморхонаи марказии ноҳияро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 апрели соли 2021 аз тарафи Сарвари давлат дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки он барои зисту зиндагонӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемориҳои гуногун шароит муҳайё карда шудааст.

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 806 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардиданд, ки нисбати соли 2020 83 адад зиёд мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2021 ба 43 223 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст, ки нисбати соли 2020 11 644 нафар зиёд гардид.

Дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” тамоми муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон дар мӯҳлатҳои муқарраргардида мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода, дар ин давра ба вазорат 2208 аризаҳои шаҳрвандон ворид шуда, аз ин шумора 273 адади онҳоро муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рӯзҳои сешанбе ва шанбе 1501 нафар шаҳрвандон қабул гардида, тамоми муроҷиатҳои хаттии онҳо дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шудаанд.

Дар идомаи нишаст рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар давраи паҳншавии пандемияи COVID-19, вазъи бошандагони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва андешидани чораҳо дар онҳо дар самти пешгирии бемории коронавирус, шумораи таҳлилгоҳҳои кишвар, ки ба ташхиси бемории COVID-19 машғул ҳастанд, вазъи хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳо, зарурият доштан ва ё надоштан барои эълон кардани карантин дар мамлакат, ҷараёни ба иммунизатсия бар зидди бемории  коронавирус фаро гирифтани шаҳрвандони кишвар, назорат ва нархномаи як қатор маводи доруворӣ, таҳқиқоти олимони соҳаи тибби кишвар оид ба масъалаҳои COVID-19 ва дигар масъалаҳои соҳа саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти вазорат посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 618
  • 1,242
  • 949,638