Нишасти матбуотии вазорат: журналистон ба саволҳои худ посух гирифтанд

Нишасти матбуотии вазорат: журналистон ба саволҳои худ посух гирифтанд
Июл 26
07:08 2019

25-уми июли соли равон дар  Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ -эпидемиологӣ  нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳо, хадамот, марказҳои ҷумҳуриявии вазорат ва доираи васеи хабарнигорон иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти шашмоҳаи вазорат муфассал баромад намуд. Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 чорабиниҳои зиёдеро вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Анҷумани дуюми табибон, конференсияҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ ва ғайраро баргузор намуда,  боз гузаронидани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, Конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба нақша гирифтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 580 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, дар шаш моҳи соли 2019 ба 40 717 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида  шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо кӯмак ва дастгирии Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) маблағи 1 007 940 сомонӣ барои таҷҳизотҳои тиббӣ ва маводҳои доруворӣ барои 10 ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон ва маблағи  1 659 120 сомонӣ барои таъмир ва харидории таҷҳизоти тиббӣ барои 3 беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон (Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб) ҷудо гардида, ба муассисаҳои тиббӣ дастрас гардид.

Инчунин,  дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) барои 3 ноҳияи ВМКБ (Мурғоб, Ишкошим, Дарвоз), 3 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ (Рашт, Рӯдакӣ, Лахш), 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд (Панҷакент, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ) ба маблағи 5 181 000 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ, ба маблағи 7 536 000 сомонӣ таҷҳизоти занҷираи хунукӣ барои нигоҳдории ваксинаҳо ҷудо ва харидорӣ гардидаанд.

Дар асоси Созишномаи дутарафа бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии LDC Charities (Амрико) ҳамасола таҷҳизотҳои тиббӣ ва омӯзишӣ (ларингоскоп, халтаи Амбу, манекенҳои хурд ва калон барои омӯзиши эҳёгарии навзодон, барои таваллуд, синамаконӣ) дастрас мегарданд, ки дар натиҷа сифати хизматрасонӣ ба навзодон беҳтар мегардад. Моҳи майи соли 2019 ин таҷҳизотҳо бо маблағи 18 907 доллари амрикоӣ ворид гардида, ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд.

Аз ҳисоби Фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ҳамагӣ 142 нафар кӯдакон аз муоинаи мутахассисони  хориҷӣ  гузаронида шудаанд. Аз 142 нафар ҳамаги 100 нафар барои ҷарроҳӣ  интихоб намуданд. Аз онҳо 41 нафар амалиёти кушода ва 61 нафар амалиёти пӯшида гузаронида шуд. Дар Маркази дилу шараёни вилояти Суғд бошад, дар шаш моҳи соли 2019 ба 10 нафар кӯдак аз ташхиси “Ангиокардиография” гузаронида шуда, табобати онҳо муайян карда шуда, ба 38 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Ба таъкиди муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти 588 муассисаи фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуданд (аз 553 муассисаи зери санҷиш қарор дода шуда, 305 муассисаи фарматсевтӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), ки дар натиҷа нисбати шахсони воқеию, ҳуқуқӣ, мансабдор, 279 протоколу қарор оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тартиб дода шуда, ҷамъ ба маблағи умумии 718 640 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат супорида шудааст. Инчунин, 225 муассисаи табобатию профилактикӣ ва 415 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ  зери назорат қарор дода шуданд.

Ҳамчунин дар давоми шаш моҳи сипаригардида  19377 адад маводи доруворӣ аз санҷиш гузаронида шуда, ба 19089 адади онҳо сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи таҳлилӣ  дода шуд, ки 288 намунаи онҳо бо сабаби ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набудан аз муомилот гирифта шуданд. Бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 101 335 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мӯҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд, ки 91 791 кг-ро танҳо маводи доруворӣ ташкил менамояд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 320 ташхисгоҳ, 42 дастгоҳи ташхиси иммуноферментӣ (ИФА), 11 дастгоҳи муайянкунии таҷзияи занҷираи полимеразӣ (ПЦР) ва 7 дастгоҳи муайянкунии ҳуҷайраҳои иммунӣ фаъолият намуда истодаанд. Сол аз сол тестикунонии аҳолӣ беҳтар гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2018 (наздики 700 ҳазор нафар) нисбати соли 2013 қариб 2,5 маротиба зиёд шудааст.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ ҳамчун яке аз шаклҳои нисбатан самараноки дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазир арзёбӣ гардида, дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ  ба 46 549  оилаи камбизоат ба андозаи 12 956 826,00 сомонӣ кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ва дар 28 шаҳру ноҳияҳои боқимондаи кишвар ба 81 084 оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ба маблағи   9 831 352 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт  шудааст.

Баъд аз баромади муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода бахши саволу ҷавоби рӯзноманигорон ва роҳбарияти вазорат доир гардид. Саволҳо вобаста ба фаъолияти Шӯрои диссертатсионии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” сатҳи хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, масъалаи дарёфт ва ба қайд гирифтани маъюбони модарзод, мушкилоти бемориҳои саратон, вазъи бунгоҳҳои тиббӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар ҷанбаҳои мухталифи соҳа пешниҳод гардида, муовинони вазир ва масъулони соҳа ба онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 нафар журналистон аз васоити ахбори оммаи гуногун, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо”, “Телевизиони Тоҷикистон”, “Сафина”, “Душанбе”, радиоҳои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик”, “Ватан”, “Ховар”, намояндагони АМИТ “Ховар”, сомонаҳои “Азия плюс”, “Авеста”, “Фараж”, “Рӯшноӣ”, хабарнигорони рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Халқ овози”, “Народная газета”, ҳафтаномаҳои “Минбари халқ”,“Тоҷикистон”,  “Ҷавонони Тоҷикистон” ва расонаҳои хориҷӣ, аз қабили радиои “Озодӣ”, Агентии байналмилалии иттилоотии “Россия сегодня” ва дигарон ширкат намуданд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 720
  • 1,242
  • 949,740