Сентябр 14
12:34
2020
Айни замон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ бо маром идома дорад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар деҳаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дӯкони шаҳри Норак як бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Акнун сокинони деҳаи дурдасти Навде имкон доранд, ки дар маҳалли истиқомати хеш аз хизматрасонии чунин бунгоҳи тиббии замонавӣ истифода намоянд.