Оғози бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ

Оғози бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ
Август 16
14:29 2017

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузоштанд.

Маркази табобатӣ бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири солимии ҷомеа, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ роҳбари Хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб” Қурбоналӣ Юсупов дар давоми 1 сол бунёд мегардад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори ватандӯст иттилоъ дод, ба хотири дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар маркази табобатии нав хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.

Бинои маркази табобатӣ чорошоёна хоҳад буд ва дар сурати пурра ба истифода додани он беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то чорум беш аз 25 синфхонаи таълимӣ, 15 утоқи корӣ, наздики 70 кати хоб барои беморон, хобгоҳ ва толори маҷлис сохта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш иқдомҳои шоиста намуда, дар ҳудуди ҷамоат якчанд иншооти муҳими таълимӣ, хизматрасонию маиширо ба истифода дода буданд.

Президенти мамлакат ба ташаббусҳои созандаву ватандӯстонаи соҳибкорон изҳори сипос карда, ба онҳо дар ин кори пуршараф барору комёбӣ орзу намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 693
  • 1,242
  • 949,713