Июн 13
09:18
2019
Дар Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино корҳои таъмирии капиталӣ оғоз гардид.
Тибқи супориши Ректори донишгоҳ барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои пешгирӣ намудани паҳншавии вирусҳои СПИД ва гепатитҳо, бо ин мақсад ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани марказ корҳои таъмирии капиталӣ оғоз карда шуд.
Роҳбарияти донишгоҳ ва марказ тасмим гирифтанд, ки маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”-ро барои дар оянда ҳамчун парки техникӣ фаъолият кардан омода намуда, бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намоянд.