Оид ба татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026” ҳамоиш доир шуд

Оид ба  татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026” ҳамоиш доир шуд
Феврал 17
15:10 2022

17 феврал  дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе оид ба татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026” ҳамоиш баргузор гардид.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров иброз дошт, ки “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026” барои таъмини шароити солимии аҳолӣ аҳамияти махсусро доро мебошад.

Қайд гардид, ки мақсади асосии барнома беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва манбаъҳои иттилоотии саҳеҳ оид ба фарҳанги рафтор, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ  мебошад.

Ба зикри директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026” барномаи сеюм аст, ки  дар мамлакат амалӣ мегардад.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳимияти амалисозии ташвиқот оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ, аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ давра ба давра ба раванди таъмини тарзи ҳаёти солим дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди он марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояту минтақаҳо фаъолият менамоянд. Бо мақсади боз ҳам бештар густариш додани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа зарурати омўзонидани ҳамаи табақаҳои аҳолӣ (хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ), аз ҷумла кормандони тамоми вазорату идораҳо ба миён меояд.

Таҷрибаи амалигардонии барномаи қаблӣ нишон дод, ки ҳамкорӣ бо бахшҳои дигар дар заминаи нақшаи муштарак метавонад натиҷаҳои муайянро  ба даст орад. Азбаски нақшаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, масъулияти амалисозии онро низ вазорат ба зима гирифтааст, дар ин росто барои боз ҳам ба таври самаранок татбиқ намудани барномаи мазкур ҷалби шарикони дахлдор ба таври назаррас таъсиргузор хоҳад буд”,- гуфт П. Мухторова.

Ёдовар мешавем, ки марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолияти худро дар ҳамгироӣ бо барномаҳои дигари миллӣ оид ба муҳофизати  аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва аломати пайдошудаи норасоии масуният, муқовимат ба сироятҳои гепатитӣ, иммунопрофилактика, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим ва солимии репродуктивӣ амалӣ менамоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 959
  • 1,242
  • 949,979