ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ. Бонки миллӣ барои бошандагони «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» хони идона орост

ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ. Бонки миллӣ барои бошандагони «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» хони идона орост
Март 19
09:54 2021

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз  Бонки миллии Тоҷикистон барои 240 нафар бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» дастархони идона ороста, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иқдоми мазкур дар доираи оинҳои наврӯзӣ ва пайравӣ ба ташаббусу ибтикороти  башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ сурат гирифт.

Зимни аёдат роҳбарияти бонк бо шароити зисти бошандагони ин муассиса шинос шуда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфтанд.

Зикр карда шуд, ки ғамхорӣ ба  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим маҳсуб мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдоми инсонпарварона ва ҳидоятҳои Пешвои миллат минбаъд низ ба таври доимӣ, новобаста аз иду ҷашнҳо ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 349
  • 1,242
  • 949,369