Ҷорӣ намудани амалиётҳои нави ҷарроҳӣ

Ҷорӣ намудани амалиётҳои нави ҷарроҳӣ
Август 05
14:15 2020

Ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ки қаблан шаҳрвандони кишвар барои анҷом додани онҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамуданд, аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии кишвар ба шумор мераванд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин албатта аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Дар ин росто, зикр намудан ба маврид аст, ки давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Маҷмааи тандурустии  “Истиқлол” як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ дар амал ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла  ба роҳ мондани амалиётҳои мураккаб, аз ҷумлаи стендгузории рагҳои хунгарди дил, аортаи садрӣ ва шараёни брахиосефалӣ дар дастгоҳи нодири ангиограф,  стендгузорӣ дар ҳолати алоими шадиди коронарӣ, якбора гузоштани 5 стент дар дил бо натиҷаи хуб, стендгузории коартатсияи аорта дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои бачадон, бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои гурдаҳо, бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои мағзи сар, эмболизатсияи шараёни ғадуди простата дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Федератсияи Россия, ба роҳ мондани амалиёти краниопластикаи нуқсони устухони косахонаи сар бо пластинкаи титанӣ дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Беларус, ба роҳ мондани амалиёти бо таври эндоскопӣ гирифтани гематомаи музмини дохили мағзи сар, ба роҳ мондани табобати консервативии инсулти ишемикӣ бо истифодаи тромболитикҳо (актелизе, стрептокиназа, алтеплаза), бартарафсозии рефлюкси масонаю ҳолиб бо ворид намудани гели Вантрис дар навзодон ва кўдакони то синни 17 сола бо истифода аз дастгоҳи эндоурологӣ, бартарафсозии масонаи нейрогенӣ бо ворид намудани маҳлули Лантокс дар навзодон ва кўдакони то синни 17 сола бо истифода аз дастгоҳи эндоурологӣ, бартараф намудани тангшавии модарзодии қисми ҳолибу ҳавзак бо усули эндоурология дар навзодон ва кўдакони то синни 17 сола, стендгузории ҳолибҳо бо усули эндоурологӣ дар навзодон ва кўдакони то синни 17 сола, баровардани сангҳои ҳолиб ва ҳавзак бо усули эндоурологӣ дар навзодон ва кўдакони то синни 17 сола, бо асбоби каминвазивии артроскоп амалиётҳои барқарорсозии пайвандаки солибшакл, ивазкунии буғуми сунъии тоталии зону ва реконструксияи пайи қафои салибшакл бо истифодабарии аутограф  (бо артроскоп).

Маврид ба зикр аст, ки муассисаи мазкур бо шароиту имкониятҳои хос дорои қисмҳои таваллудхона, бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо  компютерҳои бо интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ мебошад.

Ин маркази  муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 9 – ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст, ки дар маҷмаа дастгоҳҳои нодиртарин насб гардидаанд, ки ягона дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 620
  • 1,242
  • 949,640