ОЗМУНИ “НЕСТ БОД СИЛ”

ОЗМУНИ “НЕСТ БОД СИЛ”
Август 21
11:13 2021

Ба таваҷҷуҳи рӯзноманигорон, блогерон, ҳунарпешагон, филмсозон, овозхонон, шоирон ва дигар шахсони ҳавасманд!

Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (ҲБСТ) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” барои баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи бемории сил, пешгирӣ, дарёфт, ташхис ва табобати он, афзудани дастгириву кумаки равонию иҷтимоӣ ба беморони сил, рафъи доғгузориву табъиз нисбати шахсони бемор ва аз байн бурдани ақидаҳои ғалат дар бораи бемории сил барои беҳтарин маводи видеоӣ дар мавзӯи бемории сил таҳти унвони “НЕСТ БОД СИЛ” озмун эълон менамояд. Озмун аз 16 августи 2021 то рӯзи 4 марти соли 2022 (соати 17:00, ба вақти шаҳри Душанбе) давом меёбад.

Мавзӯи озмун: Инъикоси мавзӯи бемории сил дар маводи видеоӣ

Ҷанбаҳои афзалиятноки мавзӯъ: дарёфти саривақтии шахсони бемори сил, кумаки равониву иҷтимоӣ ба беморони сил, истифодаи роҳу воситаҳои муосир дар дарёфт, ташхис, табобат ва дастгирии беморони сил, рафъи доғгузориву табъиз нисбати беморони сил, ҳамкории бисёрсоҳа барои мубориза бо бемории сил

Шартҳои озмун: Иштирокчии озмун бояд мавзӯи бемории силро тавассути таҳлил, суҳбат, қиссаи шифоёбӣ, саҳнаҳо, филми кӯтоҳ, шеъру суруд ё дигар ҳунару истеъдод дар видео инъикос карда,  онро дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (YouTube, Facebook, Instagram, TikTok) нашр намояд ва ҳамзамон видео ва пайвандҳои (ссылка) онро ба почтаи электронии eazamian@gmail.com мутахассиси иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҲБСТ бо ишораи “Барои озмун аз (ному насаб)” фиристад.

Таъкид мешавад, ки маводи видеоӣ набояд хислати хабариву ҳисоботӣ, оморӣ ё техникӣ дошта бошад. Беҳтар аст, ки он қиссаи рӯзгори воқеии шахси бемори сил ё шахси шифоёфтаро инъикос намояд.

Ҳамчунин дар рӯзи ҷамъбасти озмун иштирокчӣ бояд дубора пайвандҳои (ссылка) маводи видеоияшро барои бозшумории тамошобинону шарҳҳо ба почтаи электронии болозикр ирсол намояд.

Жанри маводи видеоӣ: ихтиёрӣ, аммо бо фарогирии шартҳои озмун

Ҳаҷми маводи видеоӣ: аз 1 дақиқа то 1 соат

Воситаи сабти видео: камераи касбӣ, нимкасбӣ, планшет, телефони мобилӣ ё ҳама гуна дигар воситаҳои наворбардор

Сифат: видео бояд сифати хуб дошта бошад, садову симо возеҳ шунидаву дида шавад.

Нашр: Видеоҳои озмунӣ бояд дар номи худ матни “Барои озмуни НЕСТ БОД СИЛ” ва дар зернавис (описание) ҳештегҳои #НЕСТБОДСИЛ, #Ҳамкориибоздоштисил, #StopTBPartnershipTajikistan-ро дошта бошанд. Иштирокчӣ метавонад маводи видеоияшро дар саҳифаи худ дар як ё якчанд шабакаи иҷтимоӣ (YouTube, Facebook, Instagram, TikTok) нашр кунад. Албатта, нашр дар ҳар чор шабака барои бештар шудани шумораи тамошо имкон фароҳам меорад.

Баҳогузорӣ: Маводҳои видеоӣ аз рӯйи 1) шумораи тамошо ва шарҳҳои марбут ба видео (дар маҷмӯъ дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ) то рӯзи анҷоми озмун. Бинобар ин, кӯшиш намоед, маводи видеоиятонро ҳарчи зудтар омодаву нашр кунед, ки то рӯзи анҷоми озмун тамошову шарҳи бештар дошта бигирад. Ҳарчи барвақттар нашр кунед, шумораи тамошо зиёдтар шуда, шонси пирӯзӣ дар озмун ҳамон қадар бештар мешавад, 2) сифат ва муҳтавои видео, 3) риояи шартҳои озмун аз ҷониби Гурӯҳи кории босалоҳият баҳогузорӣ карда мешаванд.

Қадрдонӣ: 3 маводи беҳтарин бо туҳфаҳои арзишманд, 3 маводи хуб бо туҳфаҳои хотирмон ва дигар маводҳои ҷолиб бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҷоизасупорӣ: Озмун рӯзи 4 марти соли 2022 (соати 17:00, ба вақти шаҳри Душанбе) ҷамъбаст гардида, расми ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии сил 2022 бо чорабинии вижае баргузор мегардад, ки дар ин бора иловатан иттиллоъ хоҳем дод.

Эзоҳ: Агар саволе дошта бошед ё ба машварат ниёз доред, лутфан, тавассути рақамҳои +992209346442 бо Эҳсон Турсунов, мутахассиси иттилоот ва робита бо ҷомеаи ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” тамос бигиред.  Мо барои посух ва машварат додан ҳамеша омодаем.

Биёед, Ватани азизамонро аз бемории сил пок созем! НЕСТ БОД СИЛ!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 737
  • 1,242
  • 949,757