Панҷ аломати COVID-19 номбар шуд, дар сурати мавҷудияти онҳо бояд ба духтур фавран муроҷиат намуд

Панҷ аломати COVID-19 номбар шуд, дар сурати мавҷудияти онҳо бояд ба духтур фавран муроҷиат намуд
Декабр 28
16:28 2020

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Британия панҷ аломати коронавирусро, ки дар сурати мавҷудияти онҳо бояд ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намуд, номбар кард. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба Daily Express хабар дод.

Дар ин мақола зикр мешавад, ки илова бар нишонаҳои асосӣ-таби баланд, сулфаи тӯлонӣ, ҳис накардани мазза ва бӯй, бояд ба чанд нишонаи дигар — нафастангӣ, дард дар қафаси сина, парешонхотирӣ, хоболудагӣ ва кабуд гаштани лабҳо ва рӯй диққат дод.

«Ҳама нишонаҳои эҳтимолӣ дар ин рӯйхат нестанд»,-ҳушдор медиҳанд табибони бритониёӣ. Онҳо эълон кардаанд, ки дар бораи зуҳуроти дигари ташвишовари ин беморӣ иттилоъ медиҳанд.

Мутахассисон мегӯянд, ки шояд сироятёбии штамми нави вирус 70 фоиз бештар бошад ва хеле зудтар паҳн шавад. Вале, ҳанӯз ҳеҷ асосе вуҷуд надорад, ки мутатсияи нави SARS-CoV-2 марговартар аст.

Пандемияи коронавирус тақрибан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 904
  • 1,242
  • 949,924