Пас аз таъмири ороишӣ қисми таваллудхонаи Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ба истифода дода шуд

Пас аз таъмири ороишӣ қисми таваллудхонаи Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи  Карим Ахмедов ба истифода дода шуд
Май 12
10:50 2021

Баъди ба анҷом расидани таъмири ороишӣ қисми таваллудхонаи Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” ба фаъолияти  муқаррарӣ оғоз намуд.

Зимни ба фаъолияти корӣ шурӯъ намудани қисми таваллудхонаи муассисаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарияти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим ва кормандони таваллудхонаи маркази мазкур иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри таъмини саломатии модарон ва кӯдакон пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Номбурда аз кормандони таваллудхонаи мазкур даъват ба  амал овард, ки хизматрасонии тиббиро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, дар таъмини солимии модарон ва кӯдакон саҳми хешро гузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 616
  • 1,242
  • 949,636