Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Июн 26
10:45 2022

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли сокинони кишвар ва тоҷикони бурунмарзиро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба эшон муваффақияту сарбаландӣ, комёбиву пирӯзӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзумандам.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки бидуни он арзи ҳастӣ намудани дилхоҳ давлат ва миллат имкон надорад. Аз ин ҷост, ки ваҳдатро рукни асосии мавҷудият ва пойдории ҳар як давлат ва миллат арзёбӣ менамоянд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардуми ҳар як давлату миллат таъмин карда мешавад. Дар маҷмуъ, рушду пешрафти дилхоҳ давлатро бидуни ваҳдат тасаввур намудан имкон надорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки саҳми Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он бояд ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Зеро, бесабаб нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун таҷриба барои кишварҳои ҷангазада муаррифӣ карда шуда, он имрӯз мавриди омӯзиши таҳлилгарону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ қарор дорад.

Тавре шоҳидем, имрӯз иттифоқӣ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр дигар ташкилотҳои олам гардидааст.

Дар мавриди аҳамияти сулҳи тоҷикон ҳанӯз соли 2000-ум Сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил В.Кратов зимни яке аз баромадҳояш дар шаҳри Душанбе қайд намуда буд: «Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман, дар тули панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…». Имрӯз беҳтарин сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро таҷрибаи бемислу беназир баҳогузорӣ намудаанд.

Пас аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид шуд. Дар мамлакат сулҳу оромӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаётман муҳим фароҳам гардида, заминаи воқеии устуворӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон муҳайё гардид.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.

Инак, 25 сол мешавад, ки кабутари сулҳу ваҳдат дар фазои софу беғубори кишвари азизамон дар парвоз мебошад.
Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ҳамчун як кишвари мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи олам шинохта шуд.

Соҳаи тандурустии мамлакат низ дар ин давра ба пешравиҳои бузург ноил гардида, баҳри таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.
Дар ин давра маҳз бо талошу кушишҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, ҳамзамон, усулҳои муосири ҷарроҳӣ ва табобат дар соҳаи тибби мамлакат ҷорӣ карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, он ҳама дастовард ва пешрафту муваффақиятҳое, ки соҳаи тандурустии мамлакат то имрӯз ба даст овардааст, маҳз самари Ваҳдати миллӣ, иттиҳодиву сарҷамъӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон ба шумор мераванд.
Дар замони имрӯз, ки хатарҳои гуногун сулҳу оромии давлатҳои оламро халалдор менамоянд, мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани он аз пештара бештар кӯшишу талош намоем.

Умедорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон минбаъд низ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати комил атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, барои боз ҳам рушду пешрафти Ватани азизамон аз пештара бештар кӯшиш ва талош менамоянд.

Бо чунин ният ва таманнои нек бори дигар кулли ҳамватанони азизро бахшида ба ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, сиҳатмандии комил, хушрӯзиву саодатмандӣ ва дастовардҳои беназирро баҳрашон таманно менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 624
  • 1,242
  • 949,644