“Пешгирӣ беҳ аз табобат”-таҳти чунин унвон кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи корӣ дар якҷоягӣ бо Маркази солимии репродуктивӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар ҷараёни вохурӣ аз ҷониби мутахассисон тавсия дода шуд, ки ҳар як хонанда, омӯзгор ва корманди техникию фаррош бояд қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқоб, маводҳои антисептикӣ, риояи фосила ва гигиенияи шахсиро дар чунин вазъият риоя намоянд. Зикр гардид, ки дар сурати муайян шудани аввалин нишонаҳои беморӣ, аз қабили таби баланд, нафастангӣ ва беҳолӣ дар мактаб ё хона зуд хабардор кардани табибон ба манфиати солимии аҳолӣ мебошад.
Ҳамзамон, кормандони марказ аз Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант дидан намуда, бо усули хона ба хона дар дигар муассисаҳои таълимию ташкилоту идораҳо ва хонаҳои истиқоматӣ дар хусуси пешгирии бемории сироятии коронавирус бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби масъулини соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза бо аҳолӣ гузаронида мешавад.