“Пешрафти илмӣ: ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст”

“Пешрафти илмӣ: ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст”
Май 03
17:12 2023

3 майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе 10-умин Симпозиуми минтақавӣ оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Пешрафти илмӣ: ҳалли мушкилоти бемории сили ба доруҳо устувор дар дасти худи мо аст” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони як қатор кишварҳо, шарикон оид ба рушд, роҳбарон ва кормандони соҳаи силшиносии мамлакат ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода нахуст иштирокчиён ва меҳмонони симпозиумро аз номи  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбеи ҳамешабаҳор хайрамақдам гуфт.

Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии мубориза бар зидди бемории сил заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда,  дар ин самт як қатор барнома ва дигар ҳуҷҷатҳо тасдиқ ва амалӣ шуда истодаанд.

Махсусан, айни ҳол дар кишвар “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ гардида истодааст.

Дар идомаи симпозиум як қатор иштирокчиён бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 617
  • 1,242
  • 949,637