Шиори мо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”

Шиори мо аз Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”
Декабр 22
11:46 2017

Шиори мо аз Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

“Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”

 Имрӯз дар толори конфронсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирии нахустин  аз Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи фаврӣ   баргузор гардид.

Ҷаласаи  мазкур бо роҳбарии Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он  муовинони вазир, сардорони раёсатҳо, хадамотҳои назоратӣ ва кормандони масъули дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии мамлакат дар интиҳои соли 2017 мебошад. Бояд қайд намуд, ки соли чорӣ  бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардида, инчунин, дар ин сол   ҷашнҳои таърихии 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардиданд.
Дар рафти ҷаласа Насим Олимзода Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуҷҷати калидии  фарогири  масъалаҳои стратегии сиёсиву иқтисодии дохил ва хориҷи кишвар номида, ҳамзамон иброз дошт, ки “Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Паём тамоми  ҷабҳаҳои асосии ҷомеаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дарпешистодаро  матраҳ месозад”.

Инчунин,   дар ҷаласаи  мазкур аз гуфтаҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тандурустӣ натиҷагирӣ карда, ҳамзамон камбудиҳои ҷиддиву эродҳои баённамудаи Сарвари давлат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳо татбиқи супоришҳои дар Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо, бахусус соҳаи тандурустӣ вазифаи аввалиндараҷаи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуда,  бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта ва ҷиҳати боз ҳам равнақ додани фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар кишвар ба масъулин дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамчунин, диқати кормандон ба чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ доир ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо дар соли 2018, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, ‎2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ин рӯйдодҳои фархунда ҷалб карда шуд.

Аз ҷониби Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд роҳнамои рӯимизии фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як хизматчии давлатӣ гардад. Тавре Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: “Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем”.

Ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор дар самти таҳияи нақшаҳои чорабиниҳои иҷроиши супоришҳои Сарвари давлат дар муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз гардида, мунтазам идома хоҳанд ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 850
  • 989
  • 887,215