Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд (АКС)

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд  (АКС)
Сентябр 11
09:00 2019

11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва кӯмаки Бонки олмонии Рушд  сохта, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқи дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, таҷҳизоти набзченкунӣ, кардиомонитор ва таҷҳизоти фишорсанҷӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Маркази мазкур дорои шуъбаи машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо ва гӯшаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, шуъбаи эҳё ва наҷот, шуъбаи бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва дармонгоҳ мебошад.

Иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешгирӣ аз сӯхтор муҷаҳҳаз буда, бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо масъулини соҳаи тиб суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

Президенти кишвар зимни шиносоӣ бо маркази номбурда ба Ҳукумати Олмон, махсусан ба Намояндагии Бонки олмонии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 727
  • 1,242
  • 949,747