Рӯдакӣ: Шӯъбаи бемории дили Беморхонаи марказӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

Рӯдакӣ: Шӯъбаи бемории дили Беморхонаи марказӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд
Январ 26
16:48 2024

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол сохтмон, азнавсозӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар тамоми манотиқи мамлакат бомаром идома дорад.

Дар доираи чунин иқдом имрӯз, 26 январи соли равон шӯъбаи бемории дили Беморхонаи маркази ноҳияи Рӯдакӣ  пас аз таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар маросими он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шӯъбаи мазкур бо сатҳу сифати баланд аз таъмир бароварда шуда, он дорои 12 кат мебошад.

Аз кормандони соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз пештара бештар кӯшишу талоши хешро равона созанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри ташхису табобати шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 307
  • 989
  • 887,661