Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон

Июл 31
06:48 2018

30 июли соли 2018, дар меҳмонхонаи “Серена”- и ш. Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид.
Раҳмонзода Ҷамшед – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ сухани ифтитоҳӣ намуда, оид ба Вазъи муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ғафорзода А. М. Прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар Прокуратураи Генералии ҶТ мушовири адлияи дараҷаи якум, Фаридун Шарифзода – Сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони назди ВКД ҶТ ба Фаъолияти Маркази муқовимат ба савдои одамони назди ВКД ҶТ ва оид ба нақши сохторҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Қурбонов Қ. инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, намояндаи кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, оиди фаъолияти муқовимат ба савдои одамон суханронӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми мизи мудаввар нисбати нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон муаррифии (презентатсияҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ: “Фонди Рушди Ҷомеа” – Абдуҷаборов Б, “Занони Шарқ” – Шарипова Ф. Н, “Маркази Фемида” – Қосимова З, “Зан ва ҷомеа”- Бобохонова М, “Сурхоб” – Сайдалиев С, “Майрам” – Шарипова М, “Мадина” – Додхудоева Н., “Чашма” – Имомназарова С., “Корвони Умед” – Садриддинова У., шунида шуд.
Дар фарҷом намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Қ. Қурбонов мизи мудаварро ҷамъбаст намуда, ба ташкилкунандагони он изхори миннатдорӣ намуда, хотима бахшид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 674
  • 1,242
  • 949,694