Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таҷлил гардид

Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таҷлил гардид
Январ 25
13:58 2019

25 январи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, муовини вазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холзода Абдулҳаким, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ Раҷаб Улмасов иштирок ва баромад намуданд.

Зимни баромади хеш Олимзода Насим Хоҷа қайд намуд, ки соҳаи иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри боз ҳам беҳтар гаштани фаъолияти  соҳа дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ӯ аз ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ сухан ронда, изҳор намуд, ки имрӯз дар системаи ҳифзи иҷтимоӣ 103 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд.

Инчунин дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як осоишгоҳ ва се истироҳатгоҳ барои табобати собиқадорони ҷангу меҳнат, пиронсолон ва маъюбон хизмат мерасонанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Н. кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоиро ба Рӯзи касбияшон табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбӣ орзу намуд.

Сипас аз ҷониби вазир Олимзода Н.  як қатор кормандони соҳаи иҷтимоӣ-23 нафар бо унвони “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ”, 58 нафар, аз ҷумла 11 ташкилоти байналмилалӣ  бо “Ифтихорнома” ва 13 нафар  кормандон бо “Сипоснома” қадрдонӣ карда шуданд.

Воқеан, дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат  нисбат ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ чунин баён намуда буданд:

“Ҳоло дар  кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.

Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ Раҷаб Улмасов низ дар чорабинии мазкур баромад намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи иҷтимоӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки Сарвари давлат дар ҳама баромадҳои хеш аз  соҳаи  ҳифзи иҷтимоӣ ёдоварӣ мекунанд.

Сол то сол зиёд гардидани маблағгузории соҳа, бунёди мактаб-интернатҳо ва хонаи пиронсолон дар гӯшаву канори мамлакат, дастгирии пайвастаи ятимону бепарасторон ва шахсони бесаробонмонда аз иқдомҳои неки Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат ба соҳаи мазкур дарак медиҳанд.

Имрӯз баҳри будубоши доимии пиронсолон ва ятимону бепарасторон дар муассисаҳои махсус аз ҷониби Ҳукумати кишвар шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст .

Раҷаб Улмасов дар охири нутқи хеш  кормандони соҳаи иҷтимоиро ба иди касбияшон табрик намуда, аз номи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ якчанд кормандони соҳаро бо “Ифтихорнома”-и Иттифоқҳои касаба  қадрдонӣ намуд.

Инчунин дар чорабинии мазкур намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва баромад намуда, ба директори Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холзода Абдулҳаким ва муовини ӯ Назархудо Дилшодов “Ифтихорнома”-и  Ҳизби Халқии Демократиро тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир, воқеан, кормандони соҳаи  ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  кўшиш ба харҷ дода,  дастуру супоришҳои  Президенти кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро саривақт ва бо сатҳу сифати баланд иҷро менамоянд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 698
  • 1,242
  • 949,718