Рафти амалисозии “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022” баррасӣ гардид

Рафти амалисозии “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022” баррасӣ гардид
Декабр 18
11:21 2019

Имрӯз, 18 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе оид ба рафти амалисозии “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода,  муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи нуфузи СММ  дар Ҷумҳури Тоҷикистон Наргис Раҳимова, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат, шарикони рушд ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаварро ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳадаф ва мақсадҳои асосии қабули барномаи мазкур мухтасар  суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ махсус қайд гардид, ки “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022” бо мақсади танзими оила, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, ҷавонон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва башхи хусусӣ ҷиҳати таъминоти молиявии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидан бо техника ва технологияи муосир ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводҳои контрасептивӣ, омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти масъалаҳои солимии репродуктивӣ мебошад.

Вазифаҳои “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022” ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ мебошад.

Дар идомаи мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои  лоиҳаи муштарак “Тақвият бахшидани хизматрасониҳо оид ба танзими оила” Мунира Ғанизода, Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар мавзӯъи “Ҳисоботи солона оид ба иҷроиши Барномаи  давлатии солимии репродуктивӣ дар соли 2019 Ахмедҷонова, Г.А., мудири шӯъбаи хизматрасониҳои тиббии Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Оид ба маврзӯъҳои баррасишуда миёни иштирокчиёни мизи мудаввар бахши саволу ҷавоб баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 970
  • 1,242
  • 949,990