Рашт: Давоми шаш моҳи соли 2022 як қатор муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд

Рашт: Давоми шаш моҳи соли 2022 як қатор муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд
Август 11
08:12 2022

Бахшида ба  таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир, азнавсозӣ ва сохтмони муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияи Рашт вусъати тоза касб менамоянд.

Бояд гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2022 дар ҳудуди ноҳия низ як қатор муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла соли 2022 азнавсозии бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои  Ғарми боло, Қалъаи Шайх, Кочон  ва Ниширёни ҷамоати деҳоти Навдӣ  ба нақша гирифта шуда буд. Айни ҳол биноҳои бунгоҳҳои зикргардида ва  биноҳои ёрирасон сохта шуда, бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин дар соли ҷорӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх бунгоҳи саломатӣ сохта шуда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин карда шуд. Бояд гуфт, ки аз тарафи “Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон” дар соли 2021 сохтмони бинои Маркази саломатии деҳоти Нимич ва Ҳоит оғоз гардида буд. Дар давраи сипаригашта сохтмони бинои Маркази саломатии Нимич пурра ба анҷом расида, он бо таҷҳизотҳои тиббӣ пурра таъмин карда шудааст. Инчунин, сохтмони бинои Маркази саломатии Ҳоит ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар дохили бино идома доранд.  Айни ҳол таъмири капиталии Маркази саломатии ноҳиявӣ аз тарафи Бонки осиёии рушд дар доираи лоиҳаи “Хизматрасонии мавмӣ барои модару кӯдак” ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ сохтмони нуқтаи тиббӣ дар деҳаи Болошаҳри ҷамоати деҳоти Оби меҳнат ба нақша гирифта шудааст. Нуқтаи тиббии мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта мешавад. Айни ҳол сертификасиякунонии қитъаи замин ба анҷом расонида шуда, лоиҳаи сохтмон ба соҳибкор пешниҳод карда шудааст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки айни замон сохтмони беморхонаи минтақавӣ ва маркази саломатӣ дар деҳаи Нимичии ҷамоати деҳоти Ҷафр бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ, ки аз 2-ошёна ва 23-ҳуҷра иборат аст, анҷом ёфта, он фаъолият намуда истодааст. Инчунин дар назди Беморхонаи минтақавии Ҳоит корҳои сохтмонии таваллудхона, ки аз 17 кати бистарӣ иборат мебошад, анҷом ёфта, бо таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз  гардонида шудааст. Ҳамзамон айни ҳол корҳои сохтмонии бинои 2 ошёнаи Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод рафта истодааст.

Дар беморхонаи марказии ноҳия бошад, корҳои сохтмонии як ташноби замонавии хурд дар назди шӯъбаи кӯдакона ва инчунин аз таъмири асосӣ баровардани 3 ҳуҷраи шуъбаи дандонпизишкӣ низ ба анҷом расида, айни ҳол фаъолият доранд.

Ҳамзамон  чанде қабл сохтмони бинои 3-ошёна бо таҳхонааш барои “Маҷмуъи хизматрасонӣ барои модар ва кӯдак” ва таъмири асосии бинои 2-ошёна ва таҳхонаи Беморхонаи марказии ноҳиявӣ  оғоз  ёфт.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 638
  • 1,242
  • 949,658