Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи вазорат

Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи вазорат
Июл 11
18:28 2023

Имрӯз, 11 июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст доир ба фаъолияти вазорат дар шашмоҳаи аввали соли 2023 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода баромад кард.

Қайд карда шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ ва хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Инчунин, бо назардошти бартарияти рушди заминаи ҳуқуқии соҳа дар ин давра лоиҳаҳои 2 Қонун ва 5 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои хусусияти афзалиятдошта қабул гардида, 9 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол  карда шуданд.

Дар ин давра бо мақсади таҳлили раванди самаранок амали намудани «Стратегияи рушди солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» дар шаҳри Душанбе бо иштироки тамоми сохторҳои давлатӣ ва шарикон оид ба рушд Шарҳи якҷоя гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи 19-уми майи соли ҷорӣ мулоқоти дуҷонибаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус баргузор гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сертификати «Кишвари озод аз бемории вараҷа» мукофотонида шуд. Инчунин,  дар доираи иҷлосияи мазкур нишасти вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Нишасти мазкур таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пайгирии иҷрои «Харитаи роҳ оид ба мусоидати соҳаи тандурустӣ ва некуаҳволии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025» баргузор гардид. Ҷаласаи якуми ҳамоҳангсозони сатҳи баланд рузҳои 26-28 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор  шуд ва ҳуҷҷати мазкур дар рафти ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 тасдиқ карда мешавад.

Бо мақсади беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори муассисаҳои соҳа дар 6 моҳаи аввали соли 2023 аз тамоми сарчашмаҳо 36 муассиса (31-КАТС, 4 – госпиталӣ, 1 – хусусӣ) сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 122 иншооти дигар (77 КАТС, 36 госпиталӣ, 9 хусусӣ) идома дорад. Инчунин, 118 муассиса (84 КАТС, 34 госпиталӣ) аз таъмир бароварда шуда, таъмири 137 муассисаи дигар (96 КАТС, 41 госпиталӣ) идома дорад. Ба ғайр аз ин, дар ин муддат бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат дору ва таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар  давоми шаш моҳи сипаригардида дар муассисаҳои соҳа 12 навгонӣ, аз ҷумла гузоштани адасаи дохилии чашм, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук, буриши метаболикии меъда, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ (гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт, нефроэктомияи лапароскопӣ, барои гирифтани ҳуҷараҳои бунёдӣ (аз хуни периферӣ), усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ-варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ, ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳонӣ, гузоштани стент ба ковокии трахея ҳангоми тангшавӣ, тоза намудани гранулясияҳои дохили трахея бо усули эндоскопӣ бо барқарорсозии ковокии трахея, гузаронидани ҷарроҳии трахеопластика, гузоштани клапани эндоброхиалӣ амалӣ карда шудааст.

Дар идомаи баромади хеш Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба самтҳои дигари соҳа низ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Баъдан, фаъолияти раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, хадамотҳои соҳавӣ низ таҳлил ва баррасӣ карда шуд.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода зимни суханронии хеш  аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки баҳри таъмини солимии аҳолӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд ва фаъолият дар ин самт бо маром идома дорад.

Дар охир  қарори ҳайати мушовараи вазорат қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 107
  • 1,219
  • 898,523