Рашт: Идомаи корҳои сохтмонӣ дар 4 бунгоҳи тиббӣ

Рашт: Идомаи корҳои сохтмонӣ дар 4 бунгоҳи тиббӣ
Ноябр 09
16:21 2020

Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми кӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, сохтмони муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияи Рашт низ вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Айни замон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар деҳаҳои Кочони деҳоти Навдӣ, Зарифии деҳоти Тагоба, Навдонаки деҳоти Қалъаи Сурх ва Бини Суфиёни деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи мазкур  сохтмони 4 бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Инчунин, шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ рӯзҳои наздик аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.

Ҳамзамон, бо ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ сохтмони биноҳои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Санги Кари деҳоти Боқӣ Раҳимзода, нуқтаҳои тиббӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Чуғдабиёни деҳоти Қалъаи Сурх ба нақша гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 715
  • 1,242
  • 949,735