Раванди тибби оилавӣ дар кишвар ба маротиб рушд менамояд

Раванди тибби оилавӣ дар кишвар ба маротиб рушд менамояд
Сентябр 18
07:30 2017

Имрузҳо дар минтақаҳои мухталифи кишвар бо мақсади ба пуррагӣ ноил гардидан ба раванди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии тоҷикистон фаъолияти густурда идома дошта, дар ин раванд чанде қабл дар  маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон, боз 62 нафар ҳамшираҳои шафқат аз 14 шаҳру навоҳии минтақаҳои Қурғонтеппаву Кулоб  ба  курсҳои бозомузӣ ҷалб гардиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва инчунин аз ҷониби Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ, ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ сармоягузорӣ карда мешавад, фаъолияти худро бароҳ мондааст. Ба иттилои дастрас ҷиҳати дар сатҳи баланд омода сохтани мутахасиссони тибби оилавӣ дар маркази мазкур беҳтарин шароити таълимию маишӣ  фароҳам оварда шудааст.

Мавлуда Назарова директори маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон дар суҳбат бо мо гуфт; “Бароҳ мондани чунин курсҳои бозомузӣ,  хусусан  дар  шароити кунунӣ аз  манфиат  холӣ  набуда, аз  як  тараф  барои боз  ҳам  беҳтару хубтар гаштани хизматрасонии тиббию санитарӣ  ба  аҳолӣ  мусоидат намояд,  аз  ҷониби дигар бо ин  роҳу васила метавон  мушкилоти норасоии кадрҳоро дар  бунгоҳу марказҳои саломатии деҳот  бартараф намуд”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз руи барномаи бозомузӣ таҷрибаомузон  дар зарфи  6 моҳи  таҳсил бо идрорпулӣ,  ҷойи хоб,  маводҳои конселярӣ таъмин гардида,  ҳамчунин  ба  таври  ройгон  аз  китобхона,  ошхона,  дастгоҳҳои компютерӣ, муляжҳо, таҷхизоти гуногуни тиббӣ, нақлиёти хизматӣ   истифода менамоянд.  Курсҳои бозомузӣ ба ду марҳила тақсимбандӣ гашта, ҳам ба таври назарявӣ ва ҳам ба таври амалӣ гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 686
  • 1,242
  • 949,706