“Равишҳои инноватсионии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. Консепсияи кам кардани зарари омилҳои хатар. Таҷрибаи мамлакатҳои дигар”

“Равишҳои инноватсионии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. Консепсияи кам кардани зарари омилҳои хатар. Таҷрибаи мамлакатҳои дигар”
Ноябр 30
11:51 2023

Имрӯз, 30 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синотаҳти унвони “Равишҳои инноватсионии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. Консепсияи кам кардани зарари омилҳои хатар. Таҷрибаи мамлакатҳои дигар” конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар он мутахассисони соҳаи  кишвар ва коршиносони соҳа аз як қатор кишварҳои гуногун иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур-ин пеш аз ҳама табодули таҷриба бо коршиносони кишварҳои хориҷӣ доир ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва омӯхтани таҷрибаи мамлакатҳои дигар ба шумор меравад.

Дар конфронс як қатор коршиносони дохиливу хориҷӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯъи мазкур баромад намуда, ба ҳозирин маълумот пешниҳод карданд.

Бояд қайд кард, ки айни ҳол дар кишвар «Стратегияи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳо ва ҷароҳатҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» амалӣ гардида истодааст.

Мақсади Стратегияи мазкур таҳия ва татбиқи низоми фаъол ва муассири ҳамкориҳои байнисоҳавӣ мебошад, ки нақши пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва ҷароҳатҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мегирад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 716
  • 1,242
  • 949,736